Нигина Амонкулова - Шаббодахои Поиз
Шаббодаҳои поиз то ними раҳ расида,
Дасти ману ту аммо гулдастае начида
Моҳу ситора нав шуд, роҳи қатора нав шуд
Чашмҳои мо вале дидори ҳам надида
~~~~ припев | chorus ~~~~~
То кай зи ҳам ҷудоем? Бо банди ғуссаҳоем
Дар дил ҳазор армон, дар пушти сояҳоем [2x]
~~~~~~~~~~~~~~~~
Ҳарфи ману ту охир як рози соддае нест,
Баҳри фирори ошиқ бингар ки ҷодае нест [2x]
Дар соязори ғурбат пажмурда мешавад дил,
Дар гиру дори қисмат ҷуз мо фитодае нест [2x]
припев | chorus
Имруз агар ҳомӯшем аз нолаи муҳаббат,
фардо чи метавонем ҷуз гиряву шикоят? [2x]
Ҳоло ки фасли меҳр нест, мо фасли дил биҷуем
Бигзор ба дафтари ишқ монанд зи мо ҳикоят [2x]