Зайниддин Васифи и Кароматулло Курбонов - Хайрбод
Оригинал газели Зайниддина Васифи:
Меравам аз кӯи ту бо ҷони пурғам, хайрбод!
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайрбод!
Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор,
Ман зи олам меравам, бар аҳли олам, хайрбод!
Он парӣ дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо,
Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод»!